• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАР МУАССИСА

Санаи 17.03.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҷашни наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти муассисаи таълимӣ, омўзгорону донишҷӯёни коллеҷ ва меҳмонони дигар иштирок намуданд.
Директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон Наврӯзи аҷам мақоми байналмилалӣ гирфита, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Ҷашни наврӯзии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо оростани дастурхони пур аз нозу неъмати наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши саҳнаҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР МУАССИСА

Санаи 07.03.2023 дар толори фарҳангии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи модар” чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-маърифатӣ ташкил ва баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон модарону бонувони муассисаро бахшида ба “Рӯзи модар” табрику муборакбод гуфта, иброз дошт, ки модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Ҳамзамон, қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону модарони кишвар дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат сарбаландона кору фаъолият намуда дар рушду инкишофи кишвари азизамон саҳми босазои худро мегузоранд. Инчунин, таъкид гардид, ки имрўз дар соҳаи илму маориф ҳиссаи бонувону модарон назаррас буда дар маърифатнокии аҳолӣ ва дар ин замина дар рушди нерӯи зеҳнии мардуми шарафманди Тоҷикистон нақши арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар идома ба якқатор бонувони муассиса, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо доранд ва дар пешрафти фаъолияти илмию ҷамъиятии муассиса нақши муассир доранд, бо ифтихорномаҳои директори муассиса қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисми дигари чорабинӣ дастаи фарҳангии муассиса ва сарояндагони саршиноси кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин дар васфи модар хотири модарону бонувони муассисаро фараҳбахш гардониданд.

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСА

Санаи 22.02.2023 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии идонаро директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику моборакбод намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаби ҳарбию сиёсӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилотҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ низ шурӯъ намуда буд. Хушбахтона, имрӯз Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувор мегардонанд.
Дар идома сардори омодагии ҳарбии муассиса, номзади илмҳои таърих, дотсент Акрамов Муртазо аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҳсули даврони Истиқлолият буда дар шароити бисёр вазнини таърихӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу сарсупурда ва ватандусти кишвар таъсис ёфтааст. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки маҳз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона неруест, ки имрўз аз Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар ҳамчун сипари боэътимод ҳимоят менамояд.
Дар қисми дигари чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳангии муассиса бо пешниҳоди суруду таронаҳо дар васфи сулҳу дӯстӣ ва Ватандорӣ табъии ҳозиринро болида гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинии илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ба кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса, ки дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва илмию тарбиявии муассиса саҳми фарқкунанда доранд бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.