Санаи 10.11.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе” бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони муассиса миззи мудаввар дар мавзӯи “Нақши зан дар ҷомеа” баргузор карда шуд, ки дар он бонувону занон ва донишҷӯйдухтарони фаъоли коллеҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, мудири бахши занони муассиса Давлатзода Муҳайё дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” баромад намуда, иброз дошт, ки бо шарофати дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону духтарони тоҷик нақши арзишманди худро дар рушду инкишофи кишвари азизамон мегузоранд.
Дар идома аз ҷониби донишҷӯдухтарон маъруза ва шеърҳо дар васфи бузургӣ ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ироа гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби котиби шурои олимони муассиса Бозорова Н.С. маъруза дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи зан дар замони соҳибистиқлолии мамлакат” ироа гардида, номбурда ибрози андеша намуд, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Дар рафти баргузории чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Убайдуллоева М.С. баромад намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконияти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст.
Маърузаи навбатӣ аз ҷониби мудири кафедраи забонҳо Султонбекова З.Р. ироа гардида, дар раванди суханронӣ иброз гардид, ки маҳз бо шарофати фаъолияти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз имрӯз занону бонувон дар ҳама корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъолона иштирок менамоянд.
Дар охир, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии муассиса миннатдории тамоми иштирокчиёни мизи мудавварро барои ташкилкунандагон расониданд ва таманои онро намуданд, ки бигузор дар Ватани азизамон сулҳу субот ҷовидон бошаду занону модарони тоҷик дар фазои осуда дар тарбияи фарзандон ва рушди ҷомеа саҳм гузоранд.