МУДИРИ ШУЪБАИ ҒОИБОНА
ҚУВВАТОВА НИГИНА БАРОТАЛИЕВНА
МАЪЛУМОТНОМА
Аз 14-уми ноябри соли 2019 дар вазифаи мудири
шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи информатика ва техникаи
компютерии шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад.
Соли таввалуд: 18.11.1979
Ҷои таввалуд: Вилояти Хатлон, н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Миллат: тоҷик
Маълумот: Олӣ, соли 2017 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик
Дараҷаи илмӣ: унвонҷӯи соли якуми ДТТ
Кадом забонҳоро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат
Ӽизбият: Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4-фарзанд
Суроға: ш.Душанбе н.Шоҳмансур, деҳаи Чилмеҳроб
Фаолият ва собиқаи корӣ
Аз 15.07.1997 то 22.08.2001 | Мутахассис “Арзон” |
Аз 12.10.2001 то 27.03.2009 | Мутахассиси ООО “Арзон” |
Аз 11.12.2014 то 07.09.2015 | Лабаранти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Аз 10.10.2016 то 25.09.2017 | Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Коллеҷи инфоматика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе |
Аз 25.09.2017 то 02.11.2019 | Сармутахассиси шуъбаи ғоибона дар Коллеҷи инфоматика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе |
Аз 02.11.2019 то ҳол | Мудири шуъбаи ғоибона дар Коллеҷи инфоматика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе |
ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА
Шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз солҳои таъсисёбии коллеҷ фаъолият намуда, дар тайёр намудани мутахассисони ниёзи ҷомеаи мамлакат нақши назаррас дорад. Ҳар сол ин шуъбаро зиёда аз 50 нафар хатм намуда, дар самти ихтисосҳои азхуднамудаашон кору фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар шуъбаи ғоибона зиёда аз 150 нафар аз руй 12 ихтиссос таҳсил менамоянд, ки донишҷуйёнро устодони ботаҷриба, аз он ҷумла номзадҳои илм таълим медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки ин шуъба хело ҷавон буда, бо ин нигоҳ накарда дар самти тарбия ва тайёр намудани кадрҳо ва ҳидоят намудани онҳо барои дуст доштан ва софдилона кор намудани мутахассисони ҷавон ҳамчун ояндасозони миллат дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши назаррасро дорост.
Дар шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ки синфи 11-ро хатм менамоянд имконияти дохил шуданро доранд.
№ | Рамзи ихтиссос | Рӯйхати ихтиссосҳои | Тахассус |
1 | 2-260203 | Маркетинг | иқтисодчӣ |
2 | 2-25013101 | Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ | иқтисодчӣ |
3 | 2-250132 | Кори бонкӣ | иқтисодчӣ |
4 | 2-250135 | Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат | иқтисодчӣ |
5 | 2-25013202 | Андоз ва андозбандӣ | иқтисодчӣ |
6 | 2-250131 | Молия | иқтисодчӣ |
7 | 2-25013201 | Автоматикунонии кори бонкӣ | иқтисодчӣ |
8 | 2-430103 | Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо) | иқтисодчӣ |
9 | 2-27013102 | Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи тиҷоратӣ | иқтисодчӣ |
10 | 2-400101 | Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ | иқтисодчӣ |
11 | 2-400101 | Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттиллоти корӣ. | иқтисодчӣ |
12 | 2-25011008 | Фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори воситаҳои радиё ва телевизон | иқтисодчӣ |