• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Роҳбарияти муассисаи таълимии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар доираи нақшачорабиниҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе як қатор ҳадафҳои неку созандаро ба таври шанбегӣ дар муассиса ба роҳ монданд. Аз ҷумла онҳо: шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз, шинонидани газонҳо ва ғайра. Илова бар ин, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи муассиса ва хобгоҳи коллеҷ ҳамарӯза.

Дар Қитъаҳои замини бинои асосӣ ва хобгоҳи муассиса теъдоди зиёди арчаҳои ҳамешасабз навъи сузанна, дарахтони сирени навъи ҳиндугӣ ва голландӣ, гулҳои фиалка ва чанд навъи дигари гулҳои мавсими ороишӣ шинонида шудаанд, инчунин муассисаи таълиморо  бо рангҳои замонавӣ рангубор намуданд. Роҳбарияти муассиса, ки ободии муассиса аз сиёсати созандаи эшон маншаъ мегирад, раванди корҳои ободониро пурра зери назорати ҷиддии хеш қарор дода, тамоми қувваи хешро бо дарназардошти имкониятҳои  мавҷуда ҷиҳати азнавсозиҳо дар ободу зебо гардонидани муассиса  масраф намуда истодааст . Бошад, ки ин гӯшаи хурдакаки шаҳрамон бо туфайли чунин ободикориҳо  ободтару зеботар гардад.

БЕҲТАРИН ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО!

Дастоварди навбатии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе. Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар радифи беҳтаринҳои соли 2022 дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе эътироф гардида, бо СИПОСНОМА барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ дар самти татбиқи сиёсати босамари давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш зимни натиҷагирии соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2022 сарфароз гардонида шуд. Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон сурат гирифта, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмизода Шабнам, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Маликшозода Неъмат ва масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва гирандагони Стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 чорабинии тантанавӣ доир гардид. Сипосномаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ба директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон тақдим намуд.