• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • шаҳри Душанбе н. Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Маълумотноми умумӣ дар бораи муассиса

Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар заминаи омӯзишгоҳи касбию техникии № 47- и шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 1966 таъсис дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 2-юми ноябри соли 2012 таҳти № 630 литсей ба коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.

Коллеҷ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатномаи АУ № 0002826 соли 2019 ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ ИА № 0000746, ки 03.06.2015 мебошад, ки ҳуҷҷати зерин аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Дар самти танзими раванди таълим ҳуҷҷатњои меъёрӣ-ҳуқуқии коллеҷ, аз ҷумла, 16 адад нақшаҳои таълимӣ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ, 5-адад барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ихтисосҳои роиҷи коллеҷ ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мавриди истифода қарор доранд.

Ҷараёни таълим аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда тибқи талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки саҳми ҳайати омӯзгорону кормандон дар он  назаррас мебошад.

Таълимгоҳ аз лиҳози моддӣ-техникӣ, аз ҷумла бо васоити техникии таълимӣ ба қадри зарурӣ таъмин аст.

         Илова ба ин, ба ҳар кафедра  синфхонаҳо вобаста шудаанд, ки  бо назардошти моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳои кафедраҳо ҷиҳозонида  шуда, аз ҷиҳати илмӣ-методӣ бо лавҳаю овезаҳо оро ёфтанд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки нақшаи чорабиниҳоро  ҳайати омӯзгорону кормандони коллеҷ дар фаъолияти таълимию методии худ тадриҷан татбиқ намуда, ҷиҳати пурсамартар гардидани натиҷаи корҳои таълимию методӣ ва хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия ва сифатан беҳтар намудани низоми таълим равона намудаанд.

КИТОБХОНАИ ТАЪЛИМГОҲ

Китобхона – муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо буда, барои истифода ба ихтиёри донишҷӯёни коллеҷ гузошта шудааст.

Фонди  китобхонаи коллеҷ  9908 адад китобро дар бар мегирад аз ҷумла:

1. асарҳои Пешвои миллат  –  145 адад.

2. китобҳои тахассусӣ – 6622  адад.

3. китобҳои бадеӣ  – 449  адад.

4. қонунҳо ва кодексҳо – 2264 адад.

5. дастурҳои методӣ – таълимӣ – 365  адад.

6. маҷаллаҳои гуногун – 147 адад.

7. маълумотномаҳо 40- адад.

        Дар китобхона китобҳои электронии ба тахассусҳо вобаста низ мавҷуданд, ки барои ҳамагон дастрас мебошад. Зиёда аз 1183 нафар донишҷӯён аъзои китобхона буда, 550 нафари онҳо ҳамешагӣ дар мутолиа ва ҷустуҳӯи манбаъҳои илмӣ мебошанд. Омӯзгорон ва кормандони коллеҷ низ аъзоёни фаъоли китобхона буда, аз маводҳои зарурӣ васеъ истифода мебаранд.