• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР БАХШИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ

         Санаи 07.04.2023 дар коллеҷи инфоматика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назарявии ҷумҳуриявӣ кори худро дар бахши илмҳои иқтисодӣ идома дода, дар он омӯзгорону донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР БАХШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ

         Санаи 06.04.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба ҳафтаи илм ташкил ва баргузор гардида буд, кори худро дар бахши илмҳои табиӣ-риёзӣ идома дод.
Дар кори конференсия роҳбарияти муассисаи таълимӣ, устодони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, устодони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок ва баромад намуданд.
Дар конференсияи имрӯза мавзӯҳои мубрами илмҳои табиатшиносӣ, аз қабили “Ҳифзи пиряхҳо ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ”, “Аҳамияти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар шароити муосир” ва амсоли онҳо мавриди таҳлилу баррасии олимону муҳаққиқони соҳа қарор дода шуд..

СЕМИНАР ИЛМӢ - АМАЛӢ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ

         Санаи 04.04.2023 бо ибтикори кафедраи системаи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе семенари илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори семенари илмӣ роҳбарияти муассиса ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи системаи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ Солиев О.К. дар мавзӯи “Имкониятҳои забонҳои барномасозӣ дар замони муосир” баромад намуда, оид ба забонҳои барномасозӣ, афзалиятҳои онҳо дар таҳия ва коркарди барномаҳои компютерӣ маълумоти муфассал дода, завқи барноманависии донишҷӯёнро дар забонҳои барномасозии муосир бедор намуд.

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ

         Санаи 30.03.2023 бо ибтикори шуъбаи илм ва равобити байналмилалӣ ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, конференсияи илмӣ-назарявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия маъмурияти муассиса, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон аз дигар муассисаҳои таълимӣ иштирок ва баромад намуданд.
Зимни ифтитоҳи кори конференсия муовини директор оид ба илм ва равобити байналмилалӣ Шарифзода Намозалӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро иброз намуд.
Дар идома мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Эмомов Қурбоналӣ ва омӯзгорону донишҷӯён бо марӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

МАҲФИЛИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА БОНКДОРӢ

         Санаи 14.03.2023 тибқи нақшаи илмии кафедраи молия ва бонкдории коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маҳфили илмии молиячиёни ҷавон баргузор гардид.
         Дар чорабинии илмӣ маъмурияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети менеҷменти молиявӣ ва бонкӣ иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба илм ва равобити байналмилалӣ Шарифзода Н.С. баромад намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои молиявию қарзӣ яке аз равандҳои асосии муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши амиқи чунин равандҳо барои мутахассисони ҷавон дар фаъолияти амалии онҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки масъалаи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар равандҳои ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосии илми иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
        Дар идома омўзгори кафедраи молия ва бонкдорӣ Наҷмиддинов А., донишҷӯёни бахшҳои якум ва чорум Муҳаррамаи А., Буриева З., Латифазода И. ва Усмонзода М. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, чорабинии илмӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

МАҲФИЛИ ИЛМИИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ РИЁЗӢ ВА ДАҚИҚ

         Санаи 10.03.2023 бо ибтикори кафедраи фанҳои риёзӣ ва дақиқи коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳфили илмӣ таҳти унвони “Таҳлили нерӯи рӯшноӣ, пайдоиши ҳафт ранги тиру камон” баргузор гардид.

Дар маҳфили илмии имрӯза маъмурияти муассиса ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок ва баромад намуданд.
         Зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ муовини директор оид ба илм ва равобити байналмилалӣ Шарифзода Н.С. иброз дошт, ки тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба рушду инкишофи дигар илмҳои муосир мусоидат намуда, вобаста ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва риёзӣ якчанд санандҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардидаанд. Инчунин таъкид гардид, ки вобаста ба амалинамоии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо ташкил ва тасдиқ гардидаанд.
      Дар идома мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва дақиқ Баротова Б.С., омўзгорони кафедра ва донишҷӯёни бахшҳои 2-юм ва 3-юми муассиса вобаста ба мавзӯи маҳфили илмӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, андешаҳои ҷолиби худро иброз доштанд.

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

       Санаи18.02.2023 бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа” баргузор гардид.

       Чорабиниро муовини директори муассиса оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Шарифзода Намозалӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Артиши миллӣ ягона нерӯи боэътимодест, ки дар пойдории давлатдории миллӣ нақши асосиро иҷро менамояд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷавонони бошуҷои Ватанро зарур аст, ки дар ҳифзи марзу бум ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо аз нигоҳи рӯҳиву ҷисмонӣ омода бошанд.
Дар идома омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Бердов Парвиз, Қурбонов Алишер ва донишҷӯёни муассиса доир ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-СИЁСӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Санаи 17.02.2023 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе” бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
      Чорабиниро директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст, ки имсол аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад. Ҳамзамон, иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.
        Инчунин, дар рафти чорабинӣ мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Усмонзода Муслим суханронӣ намуда аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он ҳамчун яке аз пояҳои муҳими давлатсозиву давлатдорӣ, бедор намудани ҳисси баланди ватандориву ватандустӣ, хитмат ба сафи артиш ва дигар масъалаҳои муҳими доғи рӯз андешаҳои худро иброз дошт.
        Дар идома собиқадори Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Мусоев Сайфулло Аҳёевич, баромад намуда иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи ҳассоси таърихӣ таъсис ёфта, барои пойдории асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлолу амният ва озодии мамлакат рисолати сипари боэътимодро бо сарбаландӣ иҷро намуда, новобаста аз он ки бо иқтидору нерӯи камтарин таъсис ёфта буд, имрӯз аз лиҳози техникаву ҳайати шахсӣ ва қудрату имконият торафт ғанӣ мегардад, ки аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои судманди мақомоти олии мамлакат маншаъ мегирад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКОН"- ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

        
         Вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2022, рақами АП227 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғаффуров рӯзҳои 13-14.02.2023 миёни кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса даври якуми озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор карда шуд .
     
    Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади воқеъбинона ва шаффоф баҳогузорӣ намудан ба дониши иштирокчиёни озмун ва муайян намудани ғолибони он аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи таълимгоҳ ҳайати комиссия таъсис дода шуд.
 
    Дар иртибот ба ин, лозим ба қайд аст, ки комиссия дар доираи муқаррароти низомномаи озмун фаъолият намуда , аз ҷумлаи иштирокчиён 3 нафар омӯзгор ва 6 нафар донишҷӯро ҳамчун ғолиби озмун муайян намуда, барои иштирок ба даври ноҳиявӣ пешниҳод намудаанд.