• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ (ШТИК)

 

Мудири шуъба: Саидзода Саидмуҳаммад Саидҳомид


                                  Маълумот дар бораи шуъба

      Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2014, таҳти №15/18 ташкил карда шудааст. Раванди таълим дар шуъба бо таври ананавӣ ба роҳ монда шуда, таҳсили хонандагон аз рӯйи ихтисосҳои зерин суръат мегирад:

1) 3-250152010 “Ҳисобдор” (бо донистани компютер)

2) 3-40025201 “Системаи компютерӣ ва интернет технология”

3) 3-40015104 “Оператори алоқа”

4) 3-430153 “Истифодабарии техникии таҷҳизоти неругоҳҳои

    барқӣ ва шабакаҳо”

5) 3450150 “Радиомеханик оид ба таъмир, хизматрасонӣ ва

     телевизион”

                Дар моҳи сентябри соли 2014 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои дар боло зикр гардида тасдиқ гардид. Шуъба дар асоси ҚҲҶТ «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии-касбӣ, Низомнома ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ фаъолият мекунад.