• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Роҳбарияти муассисаи таълимии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадизода Файзалӣ Бачабек дар доираи нақшачорабиниҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе як қатор ҳадафҳои неку созандаро ба таври шанбегӣ дар муассиса ба роҳ монданд. Аз ҷумла онҳо: шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз, шинонидани газонҳо ва ғайра. Илова бар ин, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани дохил ва атрофи муассиса ва хобгоҳи коллеҷ ҳамарӯза.

Дар Қитъаҳои замини бинои асосӣ ва хобгоҳи муассиса теъдоди зиёди арчаҳои ҳамешасабз навъи сузанна, дарахтони сирени навъи ҳиндугӣ ва голландӣ, гулҳои фиалка ва чанд навъи дигари гулҳои мавсими ороишӣ шинонида шудаанд, инчунин муассисаи таълиморо  бо рангҳои замонавӣ рангубор намуданд. Роҳбарияти муассиса, ки ободии муассиса аз сиёсати созандаи эшон маншаъ мегирад, раванди корҳои ободониро пурра зери назорати ҷиддии хеш қарор дода, тамоми қувваи хешро бо дарназардошти имкониятҳои  мавҷуда ҷиҳати азнавсозиҳо дар ободу зебо гардонидани муассиса  масраф намуда истодааст . Бошад, ки ин гӯшаи хурдакаки шаҳрамон бо туфайли чунин ободикориҳо  ободтару зеботар гардад.

Categories: Uncategorized