• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Санаи 5 сентябри соли равон дар Вазорати маориф ва илм Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба кормандони соҳаи илму маориф, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз дониста шудаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатиро супориданд.
Бо хушнудиву сарфарорзӣ иброз медорем, ки Директори коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, аълочии маориф, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми августи соли 2023, №618 бо мукофоти давлатии ИФТИХОРНОМАИ Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон бо услуби роҳбарии ба худ хос дар як муддати кӯтоҳ боиси иззату эҳтироми хосаи аҳли коллективи меҳнатӣ гардида дар таълиму тарбияи насли наврас ва бедор намудани ҳисси Ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Ҳайъати бисёрнафараи кормандону омӯзгорон ва донишҷёни муассиса директори коллеҷ муҳтарам Давлатзода Баҳрулло Раҳмонро бо ин мукофоти муҳими давлатӣ сарфароз гардидан самимона табрику муборакбод гуфта, ба эъшон саломатии бардавом, рӯзгори хушу осӯда ва фатҳи қуллаҳои баланди касбиро таманно менамоянд.
Бори дигар мукофоти давлатӣ муборак бошад УСТОДИ АЗИЗ!!!