Имрӯз 04.10.2023 дар толори фарҳангии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор ташкил ва бургузор карда шуд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ҳозиринро бо ин ду санаи муҳими идона табрику таҳният гуфта, иброз намуд, ки ду иди барои мо муқаддас, яъне Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгор дар як муддат, яъне аввали моҳи октябр рост меоянд. Ин ду мафҳум – забон ва омӯзгор дар ҳақиқат муқаддас ва ба ҳам тавъаманданд.
Забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».
Дар идомаи чорабинӣ ба якқатор кормандону омӯзгорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ИФТИХОРНОМАИ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар қисми дигари чорабинӣ дастаи фарҳангии муассиса бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардониданд.
375314741_268163112690072_7645322767930940266_n
cropped-374699451_269318799241170_5880405509577647672_n.jpg
IMG_20230626_091641_065
339314300_3299608450352074_3090027236887434229_n
339297145_1484521338747840_6079707756041158157_n
339274698_1265838577354182_8518992824873165048_n