• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Санаи 14-уми октябри соли равон тибқи нақшаи корҳои тарбиявии муассиса ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси якум ва дуюми факултетҳои молия ва менеҷмент, технология ва телекоммуникатсия, инчунин шӯъбаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ҷаласаи васе ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин ҷаласа роҳбарияти коллеҷ, садорати факултетҳо ва омӯзгорону сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба корҳои таълим Иматчоев З.Х. оғоз гардида, мавсуф иброз дошт, ки тақвияти ҳамкориҳои зиччи муассиса бо волидайни донишҷӯён яке аз ҳадафҳои асосии таълимию тарбиявии муассиса баҳисоб меравад. Аз ин хотир таъкид карда шуд, ки барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси замони муосир, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, робитаи волидайн бо муассиса пурзӯр мегардад.
Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон – донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад.
Ҳамзамон, декани факултети технология ва телекоммуникатсия Усмонов Д. волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти донишҷӯён дар рӯҳияи Ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ робитаи волидайн бо муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шавад.
Дар идома муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Убайдуллоева М.С. баромад намуда қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар тарбияи насли наврас ин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, низомномаи тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳо меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.
Баъдан раиси занони коллеҷ Давлатзода М.Т. аваллиндараҷа дар бораи риояи саруи либоси донишҷуён қайд карда гузаштанд .
Дар қисми дигари ҷаласа суҳбати инфиродии муовинони декани факултетҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор карда шуд, ки дар он ҳар як волидайн оид ба таълиму тарбияи фарзандони худ аз наздик шинос карда шуданд.