• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Санаи 17.10.2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба тариқи маҷозӣ байни Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия ва Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе “СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ” баста шуд.
Созишномаро директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва Ректори Донишгоҳи давлатии Кубан номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Астапов Михаил Борисович ба имзо расониданд.
Дар доираи созишномаи батасвиб расида ҳамкориҳои илмию таълимии муассисаҳои болозикр тақвият дода шуда, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз таҷриба ва дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия бархурдор мегарданд.
Ҳамзамон, омӯзгорони коллеҷ давра ба давра дар Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсия Русия аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуда, инчунин хатмкунандагони коллеҷ метавонанд таҳсили худро дар ин донишгоҳ идома диҳанд.
Тазаккур бояд дод, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳандозӣ гардида, роҳбарияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳои илмию таълимии муассисаро боз бо дигар муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи мамлакат тақвият бахшад.