• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Имрӯз 26.10.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо мақсади арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти муассиса бо иштироки меҳмонон аз дастархони идонаи факултетҳои муассиса, ки фарогири меваҳову сабзавотҳои ватанӣ буд, боздид намуданд.
Директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ҳозиринро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфта изҳор дошт, ки Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем. Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад. Тавре зикр гардид, Меҳргон чун дигар ойинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар қисми дигари чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни соҳибистеъдоди факултетҳо барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод гардид.