«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6-уми ноябри соли 1994 ин конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб на 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд».
БОЗОРОВА Н.С.- Котиби шурои олимони Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе