• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Таҳти чунин унвон санаи 03.11.2023 бо ташаббуси садорати факултети молия ва менеҷмент дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он муовини директор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иматчоев З.Х., декани факултети молия ва менеҷмент Зоҳидова Баргистон, эдвайзери факултет Собирова Сабрина, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Мустафоева М., раиси занон ва духтарони муассиса Давлатзода Муҳайё, сарапарастони гуруҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокдорони чорабинӣ дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд ва миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун шиносномаи миллат рушди давлати соҳибистиқлоламонро таъмин ва роҳи расидан ба ояндаи дурахшонро мунаввар намуд. Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон ба қатори яке аз даҳ конститутсияҳои беҳтарин шомил гардидааст.