• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Санаи 14.11.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди ҷомеаи навин дар 31-соли Иҷлосияи тақдирсоз” бахшида ба “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Иматчоев З.Х. дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти миллат” баромад намуда қайд намуданд, ки таърихи ҳар як халқу миллат фарзандони фарзонаеро ёд дорад, ки барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ талошу ҷонбозиҳои бемисл нишон додаанд. Тоҷикон низ мардуми хушбахтанд, хушбахтии мо тоҷикон дар он аст, ки насибамон чунин абармарди даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштааст. Имрӯз мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар кишвари ободу озод, зери ливои сулҳу ваҳдат ва истиқлолият, ки бо ҷонбозиҳои Пешвои миллат насибамон гаштааст, зиндагии шоиста дорем.
Сипас муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Н.С. дар мавзуи “ Роҳбаре бо хиради Хусравонӣ”, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ Мустафоева М.Р. дар мавзуи “Ҳамкориҳои муваффақи сиёсати хориҷӣ” баромад намуданд.
Дар идома омӯзгорони кафедра Бердов П.Э., “Нақши Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олӣ дар барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ”., Қурбонов А.С., “Тоҷикистон дар масири бунёди истиқлоли сиёсӣ дар ҳошияи Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”., Бозорова Н. С., “Фарҳанги сулҳ ва ҳамбастагии ҷомеа” Султонбекова З. Р., “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули забони тоҷикӣ” ва дигарон баромад намудаанд.