• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Санаи 15.11.2023 бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-фарҳангии сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайъати роҳбарияти муасисаи таълимӣ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ-фарҳангии идона, директори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ҳозиринро бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент табрику муборакбод гуфта, иброз дошт, ки 31 сол муқаддам дар яке аз маконҳои зебоманзари диёри азизамон Қасри Арбоб Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки хушбахтона, бо амри тақдир ин Иҷлосияи тақдирсоз Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро ба миллати тоҷик фароҳам овард.
Дар ин иҷлосия аз 197 вакилони халқӣ 186 нафар ба роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахсияти ҷасуру меҳанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъй дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро бо мақсади таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқи мемонад. Барои кишвари мо ва сокинони он асолати таърихии хешро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан, ҷоннисориҳо карданд.
Миллати тоҷик ва сокинони ин сарзамин номи ин фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами моро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доим зафарёбанд.
Инчунин дар идома ба якқатор омӯзгорону кормандони муассиса, ки дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои назаррас нишон додаанд, бахшида ба ин санаи таърихӣ бо ифтихорномаҳо ва сипосномаи роҳбари муассиса қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисми дигари ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ донишҷӯёни соҳибистеъдоди муассиса дар васфи Сулҳу ваҳдат, Модар-Ватан ва Президенти мамлакат шеъру сурудҳои дилнишин ироъа намуда, хотири иштирокдоронро болида гардонданд.