• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ
Ҳамватанони азиз, омӯзгорон ва донишҷӯёни иззатманд!
Бо фараҳмандӣ ва камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо ба ҷашнҳои муқаддасу умумидавлатӣ “31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президент”, ки ҳамасола XVI-уми ноябр дар саросари мамлакати азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд, табрику муборакбод менамоям. Воқеан ҳам, барои мардуми соҳибмаърифату тамаддунофари тоҷик ҷашн гирифтани чунин рӯзҳои муборак ва барои ояндаи миллату давлат тақдирсоз боиси ифтихору фараҳмандист.
31 сол муқаддам дар яке аз маконҳои зебоманзари диёри азизамон Қасри Арбоб Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки хушбахтона, бо амри тақдир ин Иҷлосияи тақдирсоз Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро ба миллати тоҷик фароҳам овард. Дар ин иҷлосия аз 197 вакилони халқӣ 186 нафар ба роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахсияти ҷасуру меҳанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъй дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро бо мақсади таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки 31 сол инҷониб бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматқарини тоҷик тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввалини ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Ин абармарди таърих аз оғози фаъолияти хеш баҳри ба даст овардани ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва расидан ба ин рӯзи босаодат ҷаҳду талош намуда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар карданд, ки таърихи давлатдории навини мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияти хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад.
Истеъдоди худододи ояндабинӣ намудани ҳодисаю равандҳо, қобилияти дар атрофи худ ҷамъ кардани мардуми кишвар, истодагарӣ дар самти татбиқи мақсадҳои худ, хусусиятҳои волои инсонӣ марбут ба Пешвои миллат мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҳимояи манфиатҳои миллату Ватан ба кор бурданд.
Боварии комил дорам, ки мардуми меҳанпарастӣ Тоҷикистон минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон камари ҳиммат баста, фаъолияти созандаву бунёдкоронаи худро таҳким мебахшанд.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқи мемонад. Барои кишвари мо ва сокинони он асолати таърихии хешро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан, ҷоннисориҳо карданд.
Миллати тоҷик ва сокинони ин сарзамин номи ин фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами моро ҳамчун ливои майдони муборизаву бархӯрд истифода менамоянд ва доим зафарёбанд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори ободу осуда ва комиёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинони кишвари азизамон фархунда бод!