• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Санаи 18.03.2024 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҷашни наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.
Директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони минтақа буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон Наврӯзи аҷам мақоми байналмилалӣ гирфита, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Ҷашни наврӯзии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо оростани дастурхони пур аз нозу неъмати наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши саҳнаҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.