Ҳамватанони азиз, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо фараҳмандиву шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ва қалби пур аз нишод, тамоми сокинони кишвари маҳбубамон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.
Истиқлолият неъмати арзишмандтаринест, ки барои ноилгардидан ба он аҷдодони мо дар ин роҳи душвори таърихӣ ҷонбозиву ҷоннисириҳои беандоза нишон додаанд. Истиқлолият барои давлату миллати тоҷик, нишонаи ҳуввияту озодӣ, рамзи саодат ва шарти бақои давлату миллат мебошад.
Кишвари азизамон Тоҷикистон аз лаҳзаҳои нахустини бадастовардани Истиқлолияти давлатӣ ба низоҳои дохилии таҳмилӣ дучор омад. Вале хираду маърифати баланди мардуми азизамон ва иродаву матонати ҷавонмардони он, махсусан кушишу заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз халқи тоҷик дар фазои сулҳу осоиштагӣ ин ҷашни муҳими сиёсии давлатиро таҷлил менамояд.
Ба ин хотир аз тамоми ҷавонони худогоҳу худшинос ва сокинони кишвари азизамон даъват менамоем, ки баҳри таҳким ва ҳифзи ин неъмати бузурги таърихӣ дар радифи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқонаву муттаҳидона истодагарӣ намуда, арзишҳои таърихӣ ва ҳуввияту давлатдории миллиамонро нигоҳ дорем.
Бори дигар Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сокинони кишвари азизамон муборак бошад!