• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТ

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ Файзуллоев Суҳроб Шодиевич

МАЪЛУМОТНОМА

Аз 2020 дар вазифаи декани факултети молия ва иқтисодиёт кор ва фаолият мекунад

* Сол ва ҷойи таваллуд: 1-уми майи соли 1994, шаҳри Душанбе,

ноҳияи Фирдавсӣ

* Миллат: тоҷик

* Ҷинс: мард

* Маълумот: олӣ

* Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст ва кай: Соли 2017 Донишгоҳи миллии  Тоҷикистонро хатм кардааст.

* Кадом ихтисосро гирифтааст : Менеҷменти иноватсионӣ

* Касб, вазифа, ҷойи кор: декани факултети молия ва менеҷмент дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

* Унвони илмӣва таърихи додани он: надорад

* Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 4 сол

* Бо кадом мукофотҳои сарфароз гардидааст: Ифтихорномаи директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

* Суроғаи хона: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ

* Фаолият ва собиқаи корӣ:

Аз 2018

то 2019

Омӯзгори фанни тахассусӣ дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

Аз 2020

то ҳол

Декани факултети молия ва менеҷмент

ЭДВАЙЗЕР -ТАЪЛИМ Амирҷони Ҷамшерӣ

МАЪЛУМОТНОМА

Аз 14.09. 2020 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютери ба вазифаи эдвайзери факултети молия ва менеҷмент  кору фаъолият намуда истодааст.

* Соли таваллуд: 27.02.1992

* Ҷои таваллуд: н.Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти дашти Гулҳо

* Миллат: тоҷик   

* Маълумот: олӣ,  2018 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро хатм кардааст

* Ихтисос:  забони олмонӣ

* Дараҷаи илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ 

* Сафар ба давлатҳои хориҷа: не

* Вакили халқ ҳаст ё не: не

* Узвият: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон

* Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

* Ба мукофотоҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

* Вазъияти оилавӣ:   оиладор 

* Суроға: н. Фирдавсӣ,                                  

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Аз 01.09.2014 то 01.09.2020

 Омӯзгори фанни забони хориҷӣ  дар мактаби №18

Аз 14.09.2021 то ҳол  

 Эдвайзери факултети Молия ва менеҷменти Коллеҷи информатика ва  техникаи компютерии шаҳри Душанбе


ЭДВАЙЗЕР –ТАРБИЯ
Сироҷов Ҳусейн Раҳматович

МАЪЛУМОТНОМА

Аз 15.12. 2022 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютери ба вазифаи эдвайзери факултети молия ва менеҷмент  кору фаъолият намуда истодааст.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети “Молия ва менеҷмент” дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 таъсис дода шуд.  Мувофиқи сохтори нави тасдиқ гардидаи муассиса аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз санаи 03.02.2021 факултети мазкур ва кафедраҳои он нав таъсис дода шуд.

  1. Кафедраи молия ва бонкдорӣ
  2. Кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ

Қайд кардан ба маврид аст, ки раванди таълим дар факултет бо таври низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсили донишҷӯён дар низоми кредитӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин суръат мегирад:

1)   2-250132-Кори бонкӣ

2)  2-27013102-Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои тиҷоратӣ.