• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • шаҳри Душанбе н. Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА

Шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри  Душанбе аз солҳои таъсисёбии коллеҷ  фаъолият намуда,  дар тайёр намудани мутахассисони ниёзи ҷомеаи мамлакат нақши назаррас дорад. Ҳар сол ин шуъбаро зиёда аз 50  нафар  хатм намуда, дар самти ихтисосҳои азхуднамудаашон  кору фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар шуъбаи ғоибона зиёда аз 150 нафар аз руй 12 ихтиссос таҳсил менамоянд, ки донишҷуйёнро устодони ботаҷриба, аз он ҷумла номзадҳои илм таълим медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки ин шуъба хело ҷавон буда, бо ин нигоҳ накарда  дар самти тарбия  ва тайёр намудани кадрҳо  ва ҳидоят намудани онҳо  барои дуст доштан ва софдилона кор намудани мутахассисони ҷавон  ҳамчун ояндасозони миллат  дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши назаррасро дорост.

Дар шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ки синфи 11-ро хатм менамоянд  имконияти дохил шуданро доранд.

Рамзи ихтиссос

Рӯйхати ихтиссосҳои

тахассус

1

2-260203

Маркетинг

иқтисодчӣ

2

2-25013101

Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ

иқтисодчӣ

3

2-250132

Кори бонкӣ

иқтисодчӣ

4

2-250135

Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат

иқтисодчӣ

5

2-25013202

Андоз ва андозбандӣ

иқтисодчӣ

6

2-250131

Молия

иқтисодчӣ

7

2-25013201

Автоматикунонии кори бонкӣ

иқтисодчӣ

8

2-430103

Таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо)

иқтисодчӣ

9

2-27013102

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи тиҷоратӣ

иқтисодчӣ

10

2-400101

Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

иқтисодчӣ

11

2-400101

Таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттиллоти корӣ.

иқтисодчӣ

12

2-25011008

Фаъолияти  тиҷоратӣ дар бозори воситаҳои радиё ва телевизон

иқтисодчӣ