• plikt@mail.ru
  • +992(37)239-05-01
  • ш.Душанбе Фирдавсӣ к.Борбад 48/1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ИНФОРМАТИКА ВА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРИИ Ш.ДУШАНБЕ

Таҷлили Наврӯзи Аҷам дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

Санаи 18.03.2024 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҷашни наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд. Директори муассиса Давлатзода Баҳрулло Раҳмон зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони Read more…

Паёми таманниётии Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент

Ҳамватанони азиз, омӯзгорон ва донишҷӯёни иззатманд! Бо фараҳмандӣ ва камоли эҳтирому самимияти беандоза Шуморо ба ҷашнҳои муқаддасу умумидавлатӣ “31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Президент”, ки ҳамасола XVI-уми ноябр дар саросари мамлакати азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд, табрику муборакбод менамоям. Воқеан ҳам, барои мардуми Read more…

Ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Санаи 15.11.2023 бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-фарҳангии сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайъати роҳбарияти муасисаи таълимӣ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ-фарҳангии идона, директори муассиса номзади илмҳои Read more…

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Санаи 14.11.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди ҷомеаи навин дар 31-соли Иҷлосияи тақдирсоз” бахшида ба “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинии илмӣ муовини Read more…

Мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши зан дар ҷомеа”

Санаи 10.11.2023 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе” бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони муассиса миззи мудаввар дар мавзӯи “Нақши зан дар ҷомеа” баргузор карда шуд, ки дар он бонувону занон ва донишҷӯйдухтарони фаъоли коллеҷ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, мудири бахши занони Read more…

Конститутсия-ҳуҷҷати сарнавиштсози миллӣ

Таҳти чунин унвон санаи 03.11.2023 бо ташаббуси садорати факултети молия ва менеҷмент дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он муовини директор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иматчоев З.Х., декани факултети молия ва менеҷмент Зоҳидова Баргистон, эдвайзери факултет Собирова Сабрина, Read more…

Қонун роҳнамои зиндагии мо

«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Read more…

Таҷлили Ҷашни Меҳргон дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

Имрӯз 26.10.2023 дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо мақсади арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Нахуст роҳбарияти Read more…

Тавсеъи ҳамкориҳои дуҷониба бо донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия

Санаи 17.10.2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба тариқи маҷозӣ байни Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Русия ва Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе “СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ” баста шуд. Созишномаро директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ва Ректори Донишгоҳи давлатии Кубан номзади илмҳои педагогӣ, Read more…

Тақвияти робитаи волидайн ва муассисаи таълимӣ

Санаи 14-уми октябри соли равон тибқи нақшаи корҳои тарбиявии муассиса ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси якум ва дуюми факултетҳои молия ва Read more…